Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп аз тағйири режими рӯҳониён дар Эрон сухан гуфт


Доналд Трамп навиштааст: "Агар режими феълии Эрон натавонад, Эронро дубора бузург кунад, чаро набояд тағйири режим вуҷуд дошта бошад???"
Доналд Трамп навиштааст: "Агар режими феълии Эрон натавонад, Эронро дубора бузург кунад, чаро набояд тағйири режим вуҷуд дошта бошад???"

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, шояд, аз сарнагунии режими Эрон истиқбол кунад, агарчӣ чанд соат пеш аз ин аъзои ҳукумати ӯ таъкид карданд, ҳадафи ҳамлаҳои ахир ба Эрон “тағйири режим” набудааст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, ки ба худаш тааллуқ дорад, навиштааст:
“Истифода аз истилоҳи "тағйири режим" аз назари сиёсӣ дуруст нест, аммо агар режими феълии Эрон натавонад, Эронро дубора бузург кунад, чаро набояд тағйири режим вуҷуд дошта бошад???”

Чанд соат пеш аз ин баёния, Ҷеймс Дейвид Ванс, муовини Доналд Трамп, Марко Рубио, вазири умури хориҷӣ, Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико гуфтанд, ки ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии 22-уми июн ба маконҳои ҳастаии Эрон, даст ёфтан ба як созиш аз роҳи музокирот аст, на сарнагун кардани ҳукумати рӯҳониёни ҳоким дар Эрон.

Пит Ҳегсет дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳадафи «амалиёти дақиқ” барномаҳои атомии Эрон буд, на нерӯҳои эронӣ ё мардуми он. Ӯ афзуд: «Ин амалиёт дар бораи бозии тағйири режим нест ва набудааст.» Пит Ҳегсет таъкид кард: ”Трамп сулҳ меҷӯяд ва Эрон бояд ин роҳро интихоб кунад.» Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки бояд як созише аз роҳи музокирот ба даст ояд.

Ҷеймс Дейвид Ванс низ дар телевизиони NBC дар Амрико гуфт: «Мо намехоҳем, ин қазия аз ҳад зиёд дароз, ё васеъ шавад. Мо мехоҳем, барномаи ҳастаии онҳо хотима ёбад ва бо эрониҳо дар бораи як созишномаи дарозмуддат суҳбат кунем.»

Марко Рубио, ки мушовири амнияти миллии муваққатии ҳукумати Амрико низ ҳаст, ба шабакаи телевизионии CBS гуфт: “Режими Эрон бояд бедор шавад ва бигӯяд, агар воқеан энержии атомӣ дар кишвари худ мехоҳем, роҳ барои он вуҷуд дорад. Ин пешниҳод ҳанӯз побарҷост. Мо омодаем, фардо бо онҳо сӯҳбат кунем ва корро оғоз кунем.”

Айни замон бархе аз аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва ҳамсафони Доналд Трамп қаблан хостори сарнагун кардани ҳукумати Эрон шудаанд, аз ҷумла Тед Круз, вакили бонуфузи иёлати Техас.

Ӯ пеш аз ҳамлаҳои Амрико гуфта буд: «Ман тарафдори истифодаи фишори ҳадди аксар ва таҳримҳои иқтисодӣ ҳастам, то режимро зери фишор гузорем ва шояд ин режим сарнагун шавад.»

Мақомоти Амрико рӯзи 22-уми июн ба Эрон ҳушдор доданд, аз ҳамлаҳои ҳавоии бесобиқае, ки Трамп иддао кард, маконҳои калидии ҳастаии Эронро «нобуд кардааст», интиқом нагирад. Дар миёни афзоиши танишҳо, Иёлоти Муттаҳида ба шаҳрвандони амрикоӣ дар хориҷ тавсия дод, ки эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳушдори ҳукумат омадааст: «Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон боиси халалдор шудани сафар ва гоҳе баста шудани қаламравҳои ҳавоии Ховари Миёна шудааст. Эҳтимоли баргузории тазоҳурот алайҳи шаҳрвандон ва манофеи Амрико дар хориҷ вуҷуд дорад.”

Идомаи ҳамлаҳои мутақобилаи Исроилу Эрон

Эрон ва Исроил бомдоди 23-уми июн ҳамлаҳои мутақобилаи ҳавоиро ба зидди якдигар идома доданд. Эрон ба дархостҳо барои бозгашт ба музокирот ҷавоби мусбат надода ва бар ҳаққи дифоъ аз худ таъкид кардааст. Теҳрон гуфт, Амрико сабабгори «оқибатҳои хатарнок»-и амалҳояш аст ва эълом кард, ки дипломатия танҳо пас аз посухи Эрон имконпазир аст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар як нишасти хабарӣ дар Истанбул гуфт: «Дари дипломатия бояд ҳамеша боз бошад, аммо ҳоло чунин нест.» Ӯ афзуд, Эрон зери ҳамла аст ва «то ҳар вақте лозим бошад» аз ҳаққи худ барои дифои хеш истифода хоҳад кард, аммо ҷузъиёти посухи Эрон ба ҳамлаҳои Амрикоро фош накард.

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки Ароқчӣ рӯзи 23-уми июн вориди Маскав шуд, то бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия машварат кунад. Владимир Путин дар ин қазия пешниҳоди миёнҷигарӣ карда буд, аммо Трамп напазируфт. Ароқчӣ пеш аз сафар гуфт: «Русия шарики мост ва ҳамеша машварат мекунем.»

Дар ин зимн, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфтааст, кишвараш ба ҳадафҳои худ дар Эрон «бисёр ва бисёр наздик шудааст.» Ҳадафи Исроил аз ҳамлаҳо ба Эрон, ки беш аз як ҳафта идома доранд, ба қавли Тел Авив аз байн бурдани таҳдиди мушакҳои баллистикӣ ва барномаи атомии Теҳрон аст.

Ӯ дар нишасти хабарӣ гуфт: «Мо қадам ба қадам ба ин ҳадафҳо мерасем ва ба анҷоми онҳо бисёр ва бисёр наздик шудаем.» Нетаняҳу афзуд: «Вақте ба ин ҳадафҳо расидем, амалиёт поён меёбад.»

Исроил рӯзи 13-уми июн бо оғози ҳамлаҳои густарда таъсисоти ҳастаӣ, мушакӣ ва фармондеҳони низомӣ ва хадамоти амниятии Эронро ҳадаф қарор дод. Эрон тасдиқ кард, ки дар ин ҳамлаҳо бисёре аз фармондеҳони олирутба ва донишмандони ҳастаӣ кушта шуданд.

Талафот дар байни мардум

Баъди оғози ҳамла ва зарбаҳои мутақобилаи Исроилу Эрон ба ҳамдигар ғайринизомиён ва хисорот дар ду тараф зиёд мешавад. Гурӯҳи Ҳуқуқи Башар, ки дар Вашингтон қарор дорад, мегӯяд, аз рӯзи 13-уми июн то ҳол дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон камаш 950 нафар кушта шудаанд ва 380 нафари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Мақомоти Исроил гуфтаанд, шумораи кушташудагон дар ҳамлаҳои Эрон ба 24 нафар мерасад.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки «хатари афзояндаи он вуҷуд дорад, ки ин даргирӣ ба зудӣ аз назорат хориҷ шавад», зеро пас аз бомбборонҳои Амрико, тарси ҷанги густардатар зиёд шудааст.

Антонио Гутерреш дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният гуфт: «Мардуми минтақа дигар тоби як занҷираи нави вайронӣ надорад.»
Русия, Чин ва Покистон ба Шӯрои Амният қатъномае пешниҳод кардаанд, ки ҳадафи он оташбаси беқайду шарт дар Ховари Миёна аст, аммо маълум нест, ки раъйгирӣ дар бораи он баргузор мешавад, ё не.

Доналд Трамп рӯзи 22-уми июн эълон кард, ки бомбафканҳои Амрико маконҳои ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳонро дар ҳамоҳангӣ бо Исроил ҳадаф қарор доданд, чун баргардондани Теҳрон ба мизи музокира дар бораи барномаҳои атомиаш натиҷа надод.

Ӯ дар суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт: «Солҳо ҳама ин номҳоро шунидаанд, чун дар он ҷойҳо корхонаҳои ваҳшатноки вайронгар месохтанд. Ҳадафи мо аз байн бурдани қобилияти Эрон дар ғанисозии атомӣ ва аз байн бурдани таҳдиди атомии як давлати ҳомии терроризм буд.»

Ҳамлаҳо субҳи 22 июн сурат гирифт ва дар соатҳое, ки дар Амрико ҳанӯз 21 июн буд. Трамп дар 22 июн дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ки «халабонҳои далери B-2» саломат ба пойгоҳи худ дар Миссури баргаштанд, ҳарчанд ҷузъиёти бештари ҳамлаҳоро надод.

Трамп, ки ду рӯз пештар аз ин гуфта буд, ки дар давоми ду ҳафта қарор мекунад, ки оё ба ҳамлаҳои Исроил мепайвандад ё не, афзуд: « Эрон як зургӯи Ховари Миёна акнун бояд сулҳ кунад. Ҳамлаҳои оянда бузургтар ва осонтар хоҳад буд.” Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, “акнун бояд сулҳ шавад ва ё дар Эрон як фоҷиаи бузургтаре хоҳад буд”.

Ҳеҷ гузорише то кунун аз ҳамлаҳои Эрон ба манофеи Амрико дар Ховари Миёна, ё дигар ҷойҳо нарасидааст, аммо Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эълом кард, ки субҳи 22-уми июн 40 мушак ба Исроил партоб кардааст, аз ҷумла “Хуррамшаҳр-4”-ро, ки яке аз бузургтарин мушакҳои баллистикии Эрон аст.

Вазорати тандурустии Исроил гуфт, ки дар ҳамлаҳои Эрон дар шаби гузашта беш аз 80 нафар захмӣ шудаанд ва беш аз 70 нафари онҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Артиши Исроил гуфт, ки рӯзи 22-уми июн пойгоҳҳои низомиро дар чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла як маркази фармондеҳии мушакҳои стратегӣ дар вилояти Язд ва Аҳвоз, Бушеҳр ва Исфаҳон ҳадаф қарор додааст.

Рафаэл Гросси, мудири Оҷонсии Байналмилалии Энергияи Атомӣ, гуфт, ки бинобар «вазъи изтирорӣ дар Эрон», рӯзи 23-уми июн ҷаласаи изтирории шӯрои мудирони оҷонсӣ баргузор намешавад.

Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё, ки ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо Иттиҳоди Аврупо, Фаронса ва Олмон талош кард, роҳи дипломатӣ барои музокира бо Эронро пайдо кунад, аз Теҳрон хост ба музокирот баргардад. Ӯ гуфт: «Эрон ҳаргиз набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва Иёлоти Муттаҳида барои аз байн бурдани ин таҳдид амал кардааст.» Урсула вон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо низ гуфт: «Эрон ҳаргиз набояд соҳиби бомб шавад.”

Вазорати корҳои хориҷии Русия бомбборонҳои Амрикоро сахт маҳкум кард ва онро «бемасъулиятона» ва «нақзи фоҳиши қонунҳои байналмилалӣ» хонд.

XS
SM
MD
LG