Бисту як корхонаи давлатӣ соли гузашта ба ҷойи фоида зарар дидаанд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 21 корхонаи давлатӣ, бахусус корхонаҳои азим фаъолияти худро бо маблағи умумии 2.3 миллиард сомонӣ ва андаке бештар аз 230 миллион доллар зарар ҷамъбаст кардаанд.

Дар ин миён ширкати “Барқи Тоҷик” дар мақоми аввал аст, ки 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ на фоида, балки зиён дидааст. Яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, яъне “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ҳам фаъолияти хешро дар соли 2024 бо андаке бештар аз 180 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ ҷамъбаст кардааст.

Дар гузориши вазорати молия дар бораи фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки Радиои Озодӣ ҳам нусхае аз онро рӯзи 23-уми июн дид, омадааст, “яке аз сабабҳои асосии бо зарар ҷамъбаст намудани фаъолияти молиявии корхонаҳо, афзоиши хароҷот, аз ҷумла хароҷот вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, таъмирҳои ҷорӣ, хариди таҷҳизоту васоили ғайрисоҳавӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ ва ба ин монанд дигар хароҷотҳои бесамар, ба шумор меравад.”

Бар асоси таҳлили вазорати молияи Тоҷикистон, корхонаҳои давлатӣ дар солҳои 2023-2024 барои корҳои сохтмонии ғайрисоҳавӣ маблағи, ободкорӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ ва хайрия бештар аз 224 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

Созмонҳои байналмилалии молӣ, ки ба Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодӣ ва босамар кардани кори ширкатҳои азим кӯмак мекунанд, борҳо аз ҳукумат хостаанд, фаъолияти ин муассисаҳоро шаффоф созад ва дар бораи аҳволи иқтисодии онҳо гузориш диҳад. Қарзҳои баъзе аз ин корхонаҳо сабаб шудааст, ки онҳо дар баргардонидани қарзҳои боимтиёзи созмонҳои байналмилалӣ ҳам таъхир кунанд.