Рӯзноманигори "Қрим.реали" баъди чор сол аз зиндони Русия озод шуд

Владислав Есипенко

Владислав Есипенко, ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва рӯзноманигори лоиҳаи "Қрим.реали" баъди чор сол аз зиндон озод шуд.

Мақомоти Русия соли 2021 Есипенкоро дар нимҷазираи ишғолии Қрим боздошт ва ба ҷамъоварии маълумот барои Хадамоти махсуси Украина гунаҳкор карданд. Хабарнигор иттиҳомро рад карда буд.

Роҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҳукуматҳои ИМА ва Украина барои талошҳояшон дар озодии ин хабарнигор ташаккур карданд.

Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Владислав беш аз чор сол ғайриқонунӣ ва барои гуноҳи нокарда зиндонӣ шуд. Ӯ барои инъикоси воқеият дар нимҷазираи ишғолии Қрим баҳои баланд пардохт кард. Барои ин кор ӯро шиканҷа карданд. Мо хушҳолем, ки ӯ ба назди ҳамсар ва духтараш баргашт, вале наметавонем фаромӯш кунем, ки мақомоти Русия ба хонаводаи Владислав чӣ озорҳое расонданд."

Владислав Есипенко шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Моҳи феврали соли 2022 додгоҳи Русия дар нимҷазираи ишғолии Қрим ӯро бо гуноҳи ҷосусӣ ба шаш сол зиндон маҳкум кард. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро бофтаву сохта хонданд.

Додгоҳи олии зери назорати Маскав баъдан ҳукми Есипенкоро то панҷ сол зиндон пойин овард.

Пас аз чанд моҳ, Есипенко ба "нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи тарканда" низ муттаҳам шуд. Худаш иттиҳомро қотеъона рад кард.

Баъдан додситонӣ иқрор шуд, ки норинҷаки "кашфшуда" аз мошини Есипенко изи ангуштони ӯро надорад. Вай ҳамчунин иттиҳомҳоро дар ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ барои Украина дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рад кард.

Есипенко дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта буд, ки ӯро бо зарбаи барқ шиканҷа кардаанд, то ба гуноҳи бардурӯғ иқрор шавад.