Пирӯзии панҷуми размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC

Муҳаммад Наимов

Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик, дар мусобиқоти UFC Fight Night дар вазни нимасабук (65,8 кк) намояндаи Австрия Богдан Градро шикаст дод.

Рақобати размикорон дар мусобиқоти UFC Fight Night шаби 21-юми июн дар шаҳри Бокуи Озайрбойҷон доир шуда, бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии Муҳаммад Наимов бо ҳисоби 29:28 анҷом ёфт.

Ин размикори 30-солаи тоҷик пайиҳам дар дувумин қувваозмоии худ дар UFC пирӯз шуд. Қаблан ӯ якуми феврали имсол дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар вазни то 65,8 кило намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дода буд.

Ин набард дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ гузашт. Размикори тоҷик дар ҳарсе раунд бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон дастболо шуд (30-27, 30-27, 30-27).

Богдан Гради 29-сола бошад, пас аз чаҳор пирӯзии пайиҳам дар UFC ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Вай дар муҳорибаҳои омехта (ММА) 15 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Муҳаммад Наимов, ки аз соли 2018 дар муҳорибаҳои омехта (ММА) иштирок мекунад, дар маҷмӯъ 13 ғалаба ва се бохт дорад. Вай, аз он ҷумла дар UFC, аз шаш рақобат дар панҷтоаш ғолиб омада, яктоашро бохтааст. Ӯ пеш аз рақобати шашум дар UFC 22-юми июни соли 2024 аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.

Дар умум чаҳор размикор аз Тоҷикистон ба UFC (Ultimate Fighting Championship - Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохиланд.

Нурулло Алиеви 25-сола аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба UFC дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи даҳ қувваозмоӣ дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст.

Муин Ғафуров, размикори 28-солаи тоҷик, дар ММА ҳамагӣ 26 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯз шуда, дар шаштоаш шикаст хӯрдааст, аз он ҷумла дар UFC аз чаҳор рақобат дар дутоаш ғолиб омада, дутоашро бохтааст.

Лоиқ Раҷабов, размикори 33-солаи тоҷик, ки дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз соли 2012 ширкат мекунад, аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Аз ҷумла, дар UFC вай дар ду рақобати худ дастболо шуда, дар дутоаш шикаст хӯрдааст.