Тими миллии футзали Тоҷикистон ду бозии дӯстона мегузаронад

Тими миллии футзали Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ФФТ

Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи тими миллии футзали кишвар бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 рӯзҳои 23-юм ва 25-уми июн дар шаҳри Дубай баргузор мешаванд.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ин бозиҳо 13 нафар – 2 дарвозабон ва 11 бозигарро даъват кардааст.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:

Дарвозабонҳо: Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания», Душанбе), Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов, Некрӯз Идиев (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Иқбол Воситзода («Сипар», Хуҷанд), Рамз Амрохонов, Хусрав Холиқназаров (ҳарду аз «Сомон», Душанбе).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов

Бозиҳои дӯстонаи тими миллии футзали Тоҷикистон:


23-юми июн (душанбе)

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ


25-уми июн (чоршанбе)

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Бояд зикр намуд, бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо иштироки тими миллии футзали Тоҷикистон аз 20-ум то 24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд. Рақибони дастаи Тоҷикистон дар даври интихобӣ 26-уми июн муайян хоҳанд шуд.